- ғулом
- [غلام]а1. таър. одами давраи ғуломдорӣ, ки аз ҳуқуқи иҷтимоӣ ва сиёсӣ маҳрум буда, моли соҳиби худ ба шумор мерафт; банда, барда, абд; бандаи зархариди мардина2. маҷ. хизматгори мутеъ ва фармонбардор; навкар, чокар; ғуломи зархарид бандаи харидашуда; ғуломи хоназод фарзанди ғуломи ҳамон хонавода; ғуломи ҳалқабаргӯш а) таър. он ки ҳамчун нишонаи ғуломӣ ба гӯшаш ҳалқа овезон кардаанд; б) маҷ. шахси фармонбардор; хизматгори садоқатманд ва итоаткор; ғулом кардан (гардонидан) навкари худ гардонидан; мутеъ ва фармонбардор гардонидан касеро; ғулом шудан (гаштан) бандаи касе шудан; асири касе гаштан; ғуломи касе будан мутеъ ва фармонбардори касе будан◊ ғуломи нафс мутеи нафси худ; он ки барои манфиати худ аз ҳеҷ кори бад ва ғайриқонунӣ ҳазар намекунад; баднафс; ғуломат ман фармонбардорат ман, қурбонат шавам
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.